ВАО: Афсари руси ба Тоҷикистон истирдодшуда бо сабаби қарздорӣ ба сафҳои ДИ пайвастааст

Денис Хисамов, собиқ афсари вазорати дифои Русия ва донандаи асрори давлатӣ на танҳо аз рӯи ангезаҳои идеологӣ, балки пуливу иқтисодӣ метавонист ба сафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бипайвандад. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба нашрияи русии “Коммерсант”,  Денис Хисамов дар Русия омӯзишгоҳи олии низомии Краснодар ба номи Штеменкоро бо баҳои аъло хатм карда […]

Радиои Озодӣ

Денис Хисамов, собиқ афсари вазорати дифои Русия ва донандаи асрори давлатӣ на танҳо аз рӯи ангезаҳои идеологӣ, балки пуливу иқтисодӣ метавонист ба сафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бипайвандад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба нашрияи русии “Коммерсант”,  Денис Хисамов дар Русия омӯзишгоҳи олии низомии Краснодар ба номи Штеменкоро бо баҳои аъло хатм карда дар арсаи илмӣ ҳам корҳое анҷом додааст. Аз ҷумла, дар бахши “ҳимоят аз маълумоти хусусӣ ва технологияҳои информатсионӣ дар системаи телекоммуниктсонии соҳаи мулкиву низомӣ” корҳои таҳқиқотии илмӣ анҷом додааст.

Баъди пешрафт дар карерааш ин афсари ҷавон хадамоти ҳимояи сирри давлатиро дар Маркази илмиву техникии мушкилоти ҳифзи биологии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии микробиологияи Вазорати дифоъ дар Маскав раҳбарӣ кардааст. Ин афсар масъули назорат аз иттило ва мухобироти махфӣ будааст. Муддате дар ситоди кулл ҳам аз рӯи ҳамин ихтисос кор кардааст. Соли 2009 дар пажӯҳишгоҳи ҳифзи иттилооти Кубан кор кардааст. Зимнан ин пажӯҳишгоҳро падари ӯ – низомии донишманд Франгиз Хисамов таъсис додааст.

Дар паи се кори кори мулкӣ ӯ дубора ба Маскав бо ҳадафи кор бар рисолаи докторӣ баргаштааст ва хешовандони ӯ мегӯянд, ки ин шахси “дур аз ақидаҳои ифротӣ” бо пайвастанаш ба ДИИШ “ҳамаро шок кард”.

Яке аз наздикони афсар ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки маҳз дар Маскав ӯ метавонист ба дин ва ақидаҳои ифротӣ дода шавад.

Аммо зоҳиран тасмими сафараш ба Сурия баъди он гирифта шуд, ки соли 2014 аз як бонки Маскав барои харидани мошини навъи BMW Х5 дар ҳаҷми 1,3 миллион рубл қарз гирифту натавонист қарзи бонкро баргардонад. Фишору таъқибҳои бонк ва истифода аз нозирони бонк ӯро дилмонда кардааст, гуфтаанд наздикон. Муайян шудааст, ки баъди ҳамон соли 2014 фурӯхтани мошин ӯ як шиносномаи қалбакии тоҷикӣ хариду ба Истамбул парвоз кард. Падараш Франгиз Хисамов ба нашрия гуфт, «бо вуҷуди карераи муваффақаш дар солҳои ҷавонӣ, ӯ натавонист бо фишори шадиди равонии нозирони бонк муқобила кунад”. Аризаи нозирон ба додгоҳ аз болои ин қарздиҳанда дар соли 2016 бо он анҷомид, ки мошини BMW Х5 ба шахси дигар фурӯхташуда аз харидори наваш мусодира шудааст.

Феълан маълум нест, ки нақши ин афсари роздон дар сафи ДИИШ аз чӣ иборат буд. Ин мавзӯъ метавонад мавриди тафтиши баъдӣ дар Русия қарор гирад. Тоҷикистон гуфтааст, ки Хисамов ба Русия истирдод мешавад.

То ҳол на вазорати дифоъ ва на дигар мақомоти Русия доир ба қазияи боздошту истирдоди Хисамов шарҳе нашр накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.