«Барқи тоҷик» мардумро ба сариштакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ даъват кард

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бо як изҳорот ба аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар изҳороти дар сомонаи ширкат нашршуда зикр мегардад, ки «имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем». «Дар баробари ин, ба сокинони кишвар […]

Asia-Plus

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бо як изҳорот ба аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кард.

Дар изҳороти дар сомонаи ширкат нашршуда зикр мегардад, ки «имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем».

«Дар баробари ин, ба сокинони кишвар муроҷиат карда, ба ҳамаи онҳо хотиррасон менамоем, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд», – омадааст дар муроҷиат.

Қайд мешавад, ки сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

«Бовар дорем, ки сокинони кишвар ба истифодаи мақсадноку сарфакоронаи нерӯи барқ муносибати ҷиддӣ мекунанд ва тирамоҳу зимистони имсоларо бидуни мушкилот паси сар менамоянд», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар муддати кӯтоҳ бунёди як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба анҷом расида, ҳамчунин, таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзобро оғоз ва ин раванд бомаром идома дорад.

"Илова бар ин, бунёди беш аз 350 нерӯгоҳи хурд ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони қисми бештари онҳоро ба анҷом расид, ки бо ин роҳ вазъи таъминоти аҳолии ноҳияву деҳоти дурдаст бо барқ хеле беҳтар гардид», – қайд мешавад дар муроҷиатнома. – Бар замми ин, ба фаъолият оғоз кардани маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе шароит фароҳам овард, ки пойтахти кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо барқу гармӣ таъмин карда шавад".

Хотиррасон мешавад, ки соли гузашта танҳо аз якуми ноябр то чордаҳуми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.