Сокини аспсавори Хатлон бо маводи муххадир гурехтанӣ шуд

Ҳафтаи сипаригашта кормандони Агентии назорати маводи нашаъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани ду амалиёт аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 26 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Кормандони Агентӣ иттилооти оперативӣ дастрас намуданд, ки сокини 49-солаи ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷруд, деҳаи Сафедоб ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст дорад. Дар натиҷаи […]

Маркази матбуоти АНМН

Ҳафтаи сипаригашта кормандони Агентии назорати маводи нашаъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани ду амалиёт аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 26 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Кормандони Агентӣ иттилооти оперативӣ дастрас намуданд, ки сокини 49-солаи ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷруд, деҳаи Сафедоб ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст дорад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Чордараи поёни ҷамоати деҳоти Тугараки н. Восеъ, марди номбурда, ки савораи асп буд, дастгир карда шуд. Ҳангоми дастгиркунӣ номбурда ба кормандони оперативӣ муқобилият нишон дода, мехост аз ҷои ҳодиса бо аспи худ фирор намояд.

Дар рафти азназаргузаронии хурҷини асп аз дохили он 2 адад халта бо 25 адад бастаҳо ёфта гирифта шуд.

Ташхиси экспертиза нишон дод, ки маводи мусодирагардида маводи нашъаовари навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 25 кг 095 граммро ташкил медиҳад.

Инчунин аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сокини 40-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии пакети полиэтиленӣ, ки ба дастгиршуда таллуқ дошт, як адад баста бо маводи хамирамонанди бӯйи махсус дошта дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тибқи хулосаи экспертиза судӣ маводи мусодирашуда афюн буда, вазнаш 944,8 граммро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, зимни баргузории ин ду амалиёт аз нашъаҷаллобон 26 кг 039 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид.

Аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи ду ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидаанд ва тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.