Портали мӯъҷизаноки Шавкат Мирзиёев

Чанд рӯз пеш бори нахуст баъди даргузашти президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ман бо автомашина ба Ӯзбекистон рафта, шахсан яқин ҳосил кардам, ки сарвари нави ин давлат ҳақиқатан ҳам дар дохили кишвараш ислоҳоти зиёде роҳандозӣ кардааст. Дар марз бо Тоҷикистон гӯё гумрукчиён ва сарҳадбонони ӯзбекро иваз карда бошанд ва ба ҷойи бешармиву беэҳтиромӣ ва хурдагирии пешина […]

Чанд рӯз пеш бори нахуст баъди даргузашти президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ман бо автомашина ба Ӯзбекистон рафта, шахсан яқин ҳосил кардам, ки сарвари нави ин давлат ҳақиқатан ҳам дар дохили кишвараш ислоҳоти зиёде роҳандозӣ кардааст.

Дар марз бо Тоҷикистон гӯё гумрукчиён ва сарҳадбонони ӯзбекро иваз карда бошанд ва ба ҷойи бешармиву беэҳтиромӣ ва хурдагирии пешина дар дарвозаҳои Ӯзбекистон моро меҳрубониву меҳмоннавозӣ интизор буд.

Кормандони милитсияи Ӯзбекистон таҷрибаи дар ҳар қадам санҷидани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотима додаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, мансабдорони сатҳҳои гуногуни Ӯзбекистон ба ақидаву пешниҳодҳои мардум гӯш дода, коррупсия коҳиш меёбад.

Чаро? Ҳамсуҳбатон ҳама ба кадом як портали Мирзиёев ишора мекунанд, ки аз он ҳамаи мансабдорон хеле дар ҳарос будаанд. Таваҷҷуҳ зоҳир кардам, ки ин чӣ гуна порталесту муъҷиза меофарад.

Маълум шуд, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи декабри соли гузашта соли 2017-ро Соли муколама бо мардум ва манфиатҳои инсон эълон карда, изҳор дошта буд, ки «ҳукумат бояд ба орзуву умеди халқ ҷавобгӯ буда, аз мушкилоти он огоҳ ва бо аҳолӣ робитаи зич дошта бошад».

Дар саросари кишвар эълон шудааст, ки касе арзу шикоят ё пешниҳоде дорад, метавонад бидуни ҳарос ба қабулгоҳи виртуалии президент муроҷиат кунад, занг занад ё ба қабулгоҳҳои мардумӣ дар Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва Тошканд равад.

Ба санаи 21 июли соли равон дар қабулгоҳи виртуалии президенти Ӯзбекистон муроҷиати миллионӣ ба қайд гирифта шуда, ин гувоҳи он аст, ки чунин қабулгоҳ механизми қодир ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ мебошад.

Гузашта аз ин, таҷриба нишон дод, ки ҳеҷ кадоме аз муроҷиатҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қабулгоҳи президент бе посух намондааст. Ба ҳар ҳол, худи сокинони кишвар, ки ба қабулгоҳ муроҷиат кардаву посух гирифтаанд, ҳамин тавр мегӯянд. Муроҷиатҳо ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти имрӯза дахл доранд.

Барои ҷавоб ба муроҷиатҳои шаҳрвнадони президент ба вазорату идораҳо 25 рӯз муҳлат дода, дар ин давра мақомоти дахлдор бояд бо шаҳрванди муроҷиаткарда дар тамос шуда, мувофиқи имкон ба мушкилашон расидагӣ кунанд ва сипас посухи хаттии ӯро бо розӣ буданаш ба ҷавоби мақомот гирифта, онро ба қабулгоҳи виртуалӣ фиристанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, акнун мансабдорон аз шикояти аҳолӣ ба президент хеле дар ҳаросанд.

Дар чойхонаи Деҳнав бо пирамарде вохӯрдам, ки чанде қабл бо аризаи таъминот бо газ ба назди прокурор рафтааст. Прокурор дағалона ба ӯ гуфтааст, ки ба ин масъала ӯ машғул нест. Пирамард ба ӯ гуфтааст, ки «дар портали президент бо шумо гап мезанем». Ним соат ҳам нагузашта, прокурор ба хонааш узрпурсӣ омадааст…

Мисоли дигар. Як сокини камбизоати ноҳияи Бойсун ба президент нома навишта, изҳор кардааст, ки панҷ фарзанду дораду хона надорад ва бинобар сабаби маблағ надоштанаш худаш хона сохта наметавонад. Аризаро ба роҳбари вилояти Сурхондарё фиристода, ӯ  шахсан ба Бойсун меояд ва дастур медиҳад, ки бӯстонсарои ҳукумати ноҳияро барои манзил ба ӯ диҳанд.

Дар ноҳияҳои Ӯзбекистон шахсоне пайдо шудаанд, ки бо маблағи муайян аз номи шаҳрвандон ба президент муроҷиатнома навишта, онро ба портали президент мефиристанд. Маъмулан аҳолии начандон саводноки маҳаллӣ аз хизмати онҳо истифода мекунад.

Ҷолиб аст, ки бо ифтитоҳи портали президентӣ ҳамаи вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо низ барои арзу шикоят ва пешниҳодҳои аҳолӣ ба ин монанд қабулгоҳҳо боз намуда, кӯшиш мекунанд, ки мушкилотро ҳарчи зудтар ҳал кунанд.

… Ҳангоми бозгашт аз Ӯзбекистон дар марз ман худам қудрати портали муъҷизаноки президент Мирзиёевро санҷидам. Корманди гумруки Ӯзбекистон аз ман дархост намуд, ки даҳ дақиқа интизор шавам, зеро ӯ дар дидбонгоҳ субҳона мехӯрад. Ман ба ӯ портали президентро хотиррасон кардам ва ин кор дод: маро бо чеҳраи кушодаву бидуни ягон мушкилӣ аз марз ҷавоб доданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.