Тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба фурудгоҳи пойтахт

Имрӯз, 22-юми октябр Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба Фурудгоҳи байнулмиллалии Душанбе иштирок кард.  Бино ба иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Тоҷикистон хайрия шудааст.  Таҷҳизот аз тарафи […]

Asia-Plus

Имрӯз, 22-юми октябр Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба Фурудгоҳи байнулмиллалии Душанбе иштирок кард. 

Бино ба иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Тоҷикистон хайрия шудааст. 

Таҷҳизот аз тарафи Хадамоти давлатии гумруки ҶТ истифода ва хизматрасонӣ шуда, барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ мусоидат мекунад, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2013 инҷониб Идораи муайянкунанадаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳои мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ кардааст. Дар давоми ин муддат NSDD Тоҷикистонро бо 8 адад системаи муайянсозӣ ва 4 адад борхалта барои муайян кардани радиатсия таъмин намудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сарнозири Кумитаи гумрук Фирӯз Саидалиев хабар дод, дар фурудгоҳи пойтахт 13 адад мониторҳои порталии радиатсионӣ гузошта шудааст.

– Ин дастгоҳи мукаммали дохилӣ буда, ба таъмини назорат ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ тариқи сарҳад мусоидат мекунад, – гуфт Саидалиев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.