“Корвони саломатӣ” дар вилояти Хатлон

Иқдоми ҳарсолаи “Корвони саломатӣ” дар вилояти Хатлон ҷараён дорад. Он 8-уми октябр оғоз ёфта, 2-юми ноябр ба анҷом мерасад.  Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, мутахассисони баландихтисоси тиббии “Корвони саломатӣ” аллакай ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карданд. Дар маҷмӯъ 17 нафар кормандони ихтисосҳои гуногуни тиббӣ дар […]

Мазума Фирӯз, Asia-Plus

Иқдоми ҳарсолаи “Корвони саломатӣ” дар вилояти Хатлон ҷараён дорад. Он 8-уми октябр оғоз ёфта, 2-юми ноябр ба анҷом мерасад. 

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, мутахассисони баландихтисоси тиббии “Корвони саломатӣ” аллакай ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карданд.

Дар маҷмӯъ 17 нафар кормандони ихтисосҳои гуногуни тиббӣ дар ин иқдом ширкат доранд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз хидматҳои духтурони асабшинос, кардиолог, гинеколог, терапевт ва педиатр истифода кунанд. Аз ҷумла, барои аҳолӣ ташхиси ултрасадо, рентген, маммография, гузаштани кардиограмма ройгон анҷом дода шуда, инчунин маслиҳатҳои тиббӣ дода мешаванд.

Ҳар мутахассиси ботаҷриба дар як рӯз то 100 нафар сокинони маҳаллиро қабул мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи иқдоми “Корвони саломатӣ” таъмини дастрасии хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Он барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ баҳри ташхиси бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйини табобати саривақтӣ равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.