Нигина Амонқулова ба пахтачинӣ баромад

Date:

Сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова дар маъракаи ҷамъоварии пахта иштирок кардааст. Дар ин бора ӯ дар саҳифаҳояш дар Facebook ва Instagram хабар додааст.

Овозхон аксҳоро аз дохили пахтазор нашр карда, чунин навиштааст: “Пахта мечинам”. Дар Facebook қариб ҳамаи ҳаводорони сароянда ӯро дастгирӣ карда, бархе ба ин корӣ ӯ аҳсан хондаву комёбӣ хостаанд.

Лекин чанде ин иқдоми ӯро маъқул нашуморида, чунин маслиҳат додаанд: “Беҳтараш барои пахтачинон тарона сароед. Ин кумаки беҳтарин аз ҷониби шумо буда, онҳоро руҳбаланд месозад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бархе навиштаанд, ки бо ин гуна зебу ороиши нохун (маникюр) пахтачинӣ душвор аст. “Нигинабону, ба назарам, ин гуна зебу ороиш барои ҷамъоварии пахта намеарзад…”.

Корбари дигар ба овозхон тавсия додааст, ки худро эҳтиёт кунад:

“Ба ту бештар зебоиву таронасаройӣ мезебад. Пахатаро бигзор касоне ҷамъоварӣ кунанд, ки барои ин пул мегиранд. Аз ин рӯ, худатро эҳтиёт бикун, истеъдоди худододи ту барои мардум лозим аст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...