Тоҷикистонӣ аз шарикони тиҷоратии худ дар Русия бо ёрии ФСБ халос шуданӣ буд

Зодаи Тоҷикистон бо додани пора ба корманди Хадамоти федералии амният (ФСБ) кӯшиш кард, ки ду шарики тиҷоратии худро аз Русия хориҷ кунад. Дар ин бора Tvergrad хабар медиҳад. Ӯ бо ду нафар ҳамдиёронаш, ки тиҷорати муштарак доштанд, муносибати хуб надошта, қарор мекунад, аз онҳо халос шавад. Шиносҳои айбдоршаванда шаҳрвандии Русия надоштанд, аммо қонунӣ дар қаламрави […]

Зодаи Тоҷикистон бо додани пора ба корманди Хадамоти федералии амният (ФСБ) кӯшиш кард, ки ду шарики тиҷоратии худро аз Русия хориҷ кунад. Дар ин бора Tvergrad хабар медиҳад.

Ӯ бо ду нафар ҳамдиёронаш, ки тиҷорати муштарак доштанд, муносибати хуб надошта, қарор мекунад, аз онҳо халос шавад. Шиносҳои айбдоршаванда шаҳрвандии Русия надоштанд, аммо қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доштанд. Шарикашон тасмим мегирад, ки ба ихроҷи онҳо аз қаламрави Русия даст ёфта, як худаш ба тиҷорат соҳиб шавад.

Тариқи миёнарав ӯ бо корманди амалкунандаи ФСБ шинос шуда, ба ин корманд 150 ҳазор рубл ваъда мекунад. Дар иваз корманди фаврӣ мебоист ба он мусоидат кунад, ки шарикони тиҷоратии айбдоршаванда ба даст доштан дар фаъолияти террористӣ гумонбар ва вурудашон ба қаламрави Русия манъ шавад.

Моҳи июни соли 2018 ӯ ба шахси мансабдор, ки дар доираи озмоиши фаврӣ амал мекард, пешакӣ 30 ҳазор рубл медиҳад. Пас аз ин мардро боздошт мекунанд. Айбдоршаванда дар суд қисман ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор доштааст, ки корманди ФСБ пул гирифтан мехост ва ӯ дар навбати худ, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои порадиҳӣ огаҳӣ надошт.

Тибқи ҳалномаи суд мард гунаҳкор эътироф гардида, 100 ҳазор рубл ҷарима шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.