Озодии беш аз 1600 маҳбус дар ду рӯз

Рӯзи якшанбе, 27-уми октябр аз чаҳор муассисаи ислоҳии Тоҷикистон 1089 нафар маҳбусон озод шуданд. Имрӯз аз муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе боз 558 зиндонӣ раҳо гардиданд. Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки дар рӯзи аввали татбиқи қонун “Дар бораи авф” аз муассисаи ислоҳӣ барои занон дар “Норак” 187 нафар, […]

Рӯзи якшанбе, 27-уми октябр аз чаҳор муассисаи ислоҳии Тоҷикистон 1089 нафар маҳбусон озод шуданд. Имрӯз аз муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе боз 558 зиндонӣ раҳо гардиданд.

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки дар рӯзи аввали татбиқи қонун “Дар бораи авф” аз муассисаи ислоҳӣ барои занон дар “Норак” 187 нафар, аз муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон 60 нафар, аз муассисаи ислоҳии 3/13 дар ноҳияи Ёвон 794 нафар ва аз муассисаи махсус, ки дар он кормандони мақомоти қудратӣ адои ҷазо мекунанд, 48 нафар озод гардиданд.

“Ин шумораи маҳбусони озодшуда боз тағйир ёфтаву зиёд мешавад. Баъзе парвандаҳои маҳбусоне, ки дар ин муассисаҳо ҳастанд, баҳснок буда, ба омӯзиши иловагӣ ниёз доранд. Мо ҳозир қарор қабул накардем ва гуфтем, ки ба саросемагӣ роҳ надиҳем. Маҳбусоне, ки парвандаҳои онҳо бебаҳсу бешубҳа буд, дар нисбаташон авф татбиқ шуд ва мо онҳоро баровардем. Боқимондаҳоро давра ба давра баррасӣ мекунем. Ин кори ниҳоят вазнин аст. Аз ин рӯ, ман гурӯҳи алоҳида таъсис додам ва онҳо омӯхта истодаанд”, – изҳор дошт Мансурҷон Умаров.

Ҳамзамон дар муассисаҳои ислоҳие, ки аз онҳо зиндониён озод шуданд, теъдоди муайяни шаҳрвандон адои ҷазо мекунанд.

“Дар муассисаи Ёвон зиёда аз 200 нафар, дар муассисаи ислоҳӣ барои занон беш аз 100 нафар ва дар муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон 16 нафар боқӣ мондаанд, ки озод шудани онҳо идома дорад”, – афзуд сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

Мансурҷон Умаров рӯзи 28-уми октябр зимни татбиқи авфи маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе гуфт, ки имрӯз аз ин маҳбасхона 558 нафар озод мешаванд.

Сокини деҳаи Қалъаинави шаҳри Роғун Фаридун Қаландарзода соли 2018 бо моддаи 307, қисми 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ))-и КҶ ҶТ равонаи зиндон шуда буд.

Вай дирӯз аз муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон озод гардида, ба назди хонаводаи худ баргашт. Ба гуфтаи наздикони Фаридун, аз деҳаи онҳо бо моддаи мазкур 21 нафар дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд ва дирӯз танҳо ду нафарашон озод шуданд. Ҳамдеҳагони онҳо умед доранд, ки нафарони боқимонда ҳам аз зиндон раҳо мешаванд.

https://www.youtube.com/watch?v=atRxZhcmHf0

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.