Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ

Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои истироҳат 5 кас фавтидааст. Яке аз онҳо писари панҷсола будааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД. Рӯзи 27-уми октябр дар роҳи нақлиётгарди Душанбе – Данғара  ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” Илҳом Мирзоеви 61-сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Лада-Приора” таҳти идораи Алишер Ҳакимзода […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои истироҳат 5 кас фавтидааст. Яке аз онҳо писари панҷсола будааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Рӯзи 27-уми октябр дар роҳи нақлиётгарди Душанбе – Данғара  ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” Илҳом Мирзоеви 61-сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Лада-Приора” таҳти идораи Алишер Ҳакимзода бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” Тоҷиддин Раҷабов,  Анваршо Гулов ва Вайсиддин Мирзоев  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандагони ду мошин ва як мусофири дигари автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудаанд.

 Дар ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21011”  Алиқул Янгихонови 77-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Ӯзбекистони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди панҷсола Саид Раҳмоновро пахш карудааст. Писари хурдсол дар беморхона фавтидааст.

Ҳамчунин  рӯзи 26-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Охун Исматуллоев  сокини дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагарди шахсияташ номаълуми тахминан 30-35-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.