Котиби Шӯрои амнияти Русия ба Тоҷикистон меояд

Date:

Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 30-31 октябр аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар дод.

“Рӯзи 30-юми октябр дар Душанбе ва рӯзи 31-уми октябр дар Тошканд Николай Патрушев машваратҳои Русияву Тоҷикистон ва Русияву Ӯзбекистонро дар самти фаъолияти дастгоҳҳои шӯроҳои амният баргузор мекунад”, – қайд мешавад дар хабар.

Котиби Шӯрои амнияти Русия мунтазам бо ҳамтоҳои худ аз дигар кишварҳо машваратҳоро оид ба масоили бехатарӣ баргузор мекунад.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Русия ба маблағи 320 млн. рубл (5 млн. доллари ИМА) ба артиши Тоҷикистон техника ва аслиҳаи ҳарбӣ дод. Маросими супурдани он дар Душанбе пас аз анҷоми машқҳои СААД “Бародарии шикастнопазир-2019” доир шуд.

Пештар аз ин Русия барои пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистон низоми мушакии С-300ПС интиқол дод. Ҳадаф аз ин амал ҳимояи иншооти ин пойгоҳи ҳарбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дифои зиддиҳавоии минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...