Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи баргузории анҷуманашро муайян кард

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) 15-уми декабр дар Душанбе доир мегардад. Ҳудуди 100 нафар вакилон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба анҷуман интихоб мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода хабар дод. “Охири моҳи феврал интихобот доир гардида, мо ният дорем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар бо шумори 5 нафар фраксияи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) 15-уми декабр дар Душанбе доир мегардад. Ҳудуди 100 нафар вакилон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба анҷуман интихоб мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода хабар дод.

“Охири моҳи феврал интихобот доир гардида, мо ният дорем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар бо шумори 5 нафар фраксияи худро таъсис диҳем”, – изҳор дошт Усмонзода.

Ӯ қайд кард, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ ҲДТ на камтар аз 10 номзад ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ низ ҳамин шумор номзадҳоро ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карданист.

“Талаботи асосӣ ба номзадҳо аз ҲДТ ватандӯстӣ, қобилияти шунидани мушкили интихобкунандагон ва ба ҳукуматдорон расонидани он, ҳамчунин сиёсатмадоре будан аст, ки бо виҷдони пок манфиатҳои миллиро ҳимоя карда тавонад”, – гуфт раиси ҲДТ.

Миёни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон то ҳол танҳо ҲДТ рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботиро муайян кард.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ муайян карда мешавад.

“Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аввали моҳи декабр, яъне 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон президенти кишвар расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд”, – гуфт манбаъ аз ҲХДТ.

Замони дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботиро коммунистони Тоҷикистон, Ҳизбҳои сотсиалистӣ ва Сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ то ҳол муайян накардаанд.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагон интихоб мешаванд. 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.