Тоҷикистону Ӯзбекистон сарҳади умумиро муайян карданд

Бо вуҷуди мувофиқаи шифоҳии қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар, ки моҳи марти соли 2018 зимни сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳосил шуда буд, дар ин бора то ҳол санади ниҳоӣ ба имзо нарасидааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, баъд аз сафари давлатии Мирзиёев ба Душанбе гурӯҳҳои кории иборат […]

Бо вуҷуди мувофиқаи шифоҳии қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар, ки моҳи марти соли 2018 зимни сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳосил шуда буд, дар ин бора то ҳол санади ниҳоӣ ба имзо нарасидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, баъд аз сафари давлатии Мирзиёев ба Душанбе гурӯҳҳои кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатии шартнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад оғоз карданд.

“То имрӯз лоиҳаи шартномаи мувофиқашуда дар бораи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои имзо омода буда, ба он харитаҳо бо ишораи дақиқи хати сарҳади кишварҳо замима шудааст. Ба ҷуз ин, ҷойҳои гузоштани сутунпояҳои сарҳадӣ байни кишварҳо низ мувофиқа шудаанд”, – гуфт манбаъ.

Имзои шартнома аз ҷониби сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили марзӣ дар назар аст, ки баргузории он то охири соли равон дар Душанбе пешбинӣ шудааст.

“Бо назардошти он, ки 22-юми декабри соли 2019 дар Ӯзбекистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад, ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ эҳтимол дар моҳи январ ё феврали соли 2020 гузаронида шавад”, – афзуд манбаъ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.