Даргузашти охирин собиқадори марди ҶБВ дар Хуҷанд

Собиқадори ҷангу меҳнат, охирин иштирокчии марди Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд Қориҷон Аҳмадов дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, марҳум дар синни 18-солагӣ баробари ҳазорон тоҷикистонӣ ба фронт сафарбар шуда буд. Дар майдони ҷанг борҳо ҷароҳат бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифтааст. Ӯ дар муҳорибаи пуршиддати Сталинград ва озодкунии […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Собиқадори ҷангу меҳнат, охирин иштирокчии марди Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд Қориҷон Аҳмадов дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, марҳум дар синни 18-солагӣ баробари ҳазорон тоҷикистонӣ ба фронт сафарбар шуда буд. Дар майдони ҷанг борҳо ҷароҳат бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифтааст. Ӯ дар муҳорибаи пуршиддати Сталинград ва озодкунии шаҳрҳои Киев, Житомир, Ҷумҳуриҳои Чехословакия, Полша ва Австрия иштирок кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ як иштирокчии зани ҶБВ боқӣ мондааст, ки Малина Рабича ном дорад. Аз миёни мардон собиқадори охирин Қориҷон Аҳмадов буд.

Солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд 12 ҳазор кас иштирок карда, аз ин шумор 1540 нафарашон беному нишон шудаанд. Аз ин шаҳр 2 нафар дорандаи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 2 нафар дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд.

Субҳи имрӯз раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони марҳум арзи таслияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро расонд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.