Се таркиш дар маркази Бишкек ва сӯхтор дар қаҳвахона

Бар асари таркиш дар маркази шаҳри Бишкек 13 нафар осеб дида, як зани корманди қаҳвахона ҳалок шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти Sputnik Кыргызстан, дар буриши хиёбонҳои Чуй ва Эркиндик чанд таркиш ба амал омада, дар нуқтаи фурӯши хӯроки тезтайёр (фастфуд)-и “Антошка” сӯхтор сар задааст. “Тахминан соати […]

Бар асари таркиш дар маркази шаҳри Бишкек 13 нафар осеб дида, як зани корманди қаҳвахона ҳалок шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Sputnik Кыргызстан, дар буриши хиёбонҳои Чуй ва Эркиндик чанд таркиш ба амал омада, дар нуқтаи фурӯши хӯроки тезтайёр (фастфуд)-и “Антошка” сӯхтор сар задааст.

“Тахминан соати 13:38 таркиши аввал ва баъд аз чанде боз ду таркиш рух дод. Дар ҷойи ҳодиса кормандони милитсия машғули коранд. Дар нуқтаи фурӯши “Антошка” сӯхтор ба амал омада, алангаи оташ ба қаҳвахонаи паҳлӯи он гузашт”, – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, 24.kg бо истинод ба маркази матбути Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ҳангоми таркиш дар нуқтаи фурӯши ғизои тезтайёри “Антошка” 13 нафар осеб дида, як коргарзани қаҳвахона фавтидааст.

“Се нафар осебдидагон ба Беморхонаи кӯдаконаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр мунтақил ва баъд аз муоина ҷавоб дода шуданд. Боз нуҳ каси дигар ба дармонгоҳ бурда шуданд”, – менависад 24.kg.

Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, сабаби таркишҳо дар нуқтаи фурӯши “Антошка”, тибқи маълумоти пешакӣ, носозии баллонҳои газ буда, ду таркиш дар фосилаи 10 дақиқа ба амал омадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.