Ҳунарнамоии гурӯҳи «Тошкент зеболари» дар Душанбе ва Данғара

Аз 11 то 15-уми ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ҳайати ҳунармандони кишвари ҳамсоя аз 50 нафар иборат аст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати Ӯзбекистонро вазири фарҳанги ин кишвар Бахтиёр Сайфуллоев роҳбарӣ мекунад. Ба ин ҳайат Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста […]

Asia-Plus

Аз 11 то 15-уми ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ҳайати ҳунармандони кишвари ҳамсоя аз 50 нафар иборат аст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати Ӯзбекистонро вазири фарҳанги ин кишвар Бахтиёр Сайфуллоев роҳбарӣ мекунад.

Ба ин ҳайат Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи ҳамсоякишвар, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” шомил мебошанд.

“12-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Ӯзбекистон дар назар аст. Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мепазирад”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 13-уми ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Ӯзбекистон ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Зикр мешавад, ки шоми 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони ӯзбек ва тоҷик барномаи Рӯзҳои фарҳангро боз ҳам рангинтар месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.