Даъвати RSF аз роҳбарони Аврупо: масоили озодии сухан бо Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шавад

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) аз роҳбарони кишварҳои Аврупо даъват ба амал овардааст, ки зимни баргузории Форуми сулҳи Порис муносибатҳо бо Тоҷикистонро бо назардошти эҳтиром ба озодии матбуот баррасӣ кунанд. Дар ин бора торнамои созмон хабар медиҳад. “Тасмими Макрон оид ба вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон имкони хуберо барои масъалагузории озодии иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон фароҳам меорад, ки он мунтазам […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) аз роҳбарони кишварҳои Аврупо даъват ба амал овардааст, ки зимни баргузории Форуми сулҳи Порис муносибатҳо бо Тоҷикистонро бо назардошти эҳтиром ба озодии матбуот баррасӣ кунанд. Дар ин бора торнамои созмон хабар медиҳад.

“Тасмими Макрон оид ба вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон имкони хуберо барои масъалагузории озодии иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон фароҳам меорад, ки он мунтазам нодида гирифта мешавад, ҳарчанд риояи онро конститутсияи кишвар ва санадҳои байнулмилалӣ кафолат медиҳанд. Тоҷикистон ба рӯзноманигорони мустақил фишор меорад ва беш аз 20 нафари онҳо ба хориҷи кишвар фирор кардаанд”, – омадааст дар маълумот.

Таъкид шудааст, ки сарфи назар аз манфиатҳои иқтисодию тиҷоратии ҳамкории байни Фаронса ва Тоҷикистон, “бояд миёни шарикон гуфтугӯйи ошкоро дар бораи озодии матбуот сурат пазирад”.

Тибқи маълумоти “Гузоришгарони бидуни марз”, аз соли 2015 мавқеи Тоҷикистон дар Феҳристи ҷаҳонии озодии матбуот 45 зина поин рафтааст, ки сабаби ин сензураи оммавии интернет аст.

“Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва худсарона дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, ба мисли “Азия-Плюс”-ро қатъ мекунад. Ин нашрияи мустақили иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Хадамот аст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба Интернетро зери инҳисори худ гирифта, аз соли 2018 онро барои маҳдудсозии дастрасӣ ба захираҳои онлайнӣ, бо шумули сомонаҳои иттилоотии “Фарғона” ва “Ахбор”, мессенҷерҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, ҳатто баъзан Google истифода мекунад.

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳамчунин аз қазияи Хайрулло Мирсаидов ва фишор болои ВАО-и байнулмилалӣ, аз ҷумла, мушкили аккредитатсияи хабарнигорони Радиои Озодӣ ёдовар шудааст.

Дар “Феҳристи ҷаҳонии озодии матбуот” барои соли 2019 байни 180 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 161-умро ишғол мекунад.

Айни замон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Фаронса қарор дорад. Сафари ӯ ба кишварҳои Аврупо то 12-уми ноябр идома меёбад.

Аз 19-уми августи соли равон ду домени асосии «Азия-Плюс» – news.tj ва asiaplus.news ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Ҳоло ба сомонаи иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав – asiaplus.news метавон ворид шуд.

Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (ба забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (ба забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳо дар саҳифаи фейсбукии мо https://www.facebook.com/newstj, Дзен-канал – https://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграм – https://www.instagram.com/asiaplustj/ низ қобили дарёфт аст.

Бо суроғаҳои зерини почтаи электронӣ бо дар тамос буда метавонед:

* Идора – [email protected]

* Радио – [email protected]

* Хадамоти рекламавӣ – [email protected]

* Обуна ба иттилоот – [email protected]

* Масъалаҳои маъмурӣ – [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.