Бохти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Малайзия дар бозии рафиқона

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо Мянма (14 ноябр, Манндалай) ва Қирғизистон (19 ноябр, Бишкек) мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи Малайзия вохӯрии дӯстона баргузор кард. Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ рӯзи шанбе, 9 ноябр дар варзишгоҳи Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир гардида, бо ҳисоби 1 бар […]

Asia-Plus

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо Мянма (14 ноябр, Манндалай) ва Қирғизистон (19 ноябр, Бишкек) мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи Малайзия вохӯрии дӯстона баргузор кард.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ рӯзи шанбе, 9 ноябр дар варзишгоҳи Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом пазируфт. Тӯби ягонаро Муҳаммад Сафавӣ Расид дар дақиқаи 72-юм ба дарвозаи Тоҷикистон равона кард.

Гуфта мешавад, қариб тамоми қисми дуюми бозӣ теъдоди бозигарони Тоҷикистон як нафар кам буд, зеро аллакай дар дақиқаи якуми қисми дуюми вохӯрӣ дарвозабони дастаи Тоҷикистон дар берун аз ҷаримагоҳ бо даст бозӣ карда, аз майдон хориҷ шуд.

Субҳи рӯзи 12 ноябр мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 тариқи транзит аз Бангкок ба Мандалай  парвоз мекунад. Вохӯрии тимҳои мунтахаби Мянма ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 14 ноябр баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.