Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе барқарор кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар доданд, парвоз субҳи имрӯз аз Душанбе ба Деҳлӣ сурат пазируфта, ин шом ҳавопаймо ба Душанбе бозмеояд.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо тариқи ин хатсайр алҳол як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд.
Ба ҷуз самти Деҳлӣ, ширкати миллии ҳавопаймоӣ айни замон ҳамарӯза ба шаҳри Маскав низ парвоз анҷом медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкили молиявӣ парвозҳои худро ба ҳама самтҳо, аз ҷумла, бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе қатъ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, аз 1-уми декабри соли равон дигар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” низ парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе оғоз мекунад.
Парвозҳои мунтазами ширкати мазкур тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе доир мешаванд.
“Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймои тамғаи Боинг 737 сурат мепазиранд”, – иттилоъ медиҳад торнамои “Сомон Эйр”.
Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки техникии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, ҳамчунин чархболи Airbus H125 иборат аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


