“Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” парвозҳоро ба Деҳлӣ барқарор мекунанд

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе барқарор кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар доданд, парвоз субҳи имрӯз аз Душанбе ба Деҳлӣ сурат пазируфта, ин шом ҳавопаймо ба Душанбе бозмеояд. Ба иттилои манбаъ, парвозҳо тариқи ин хатсайр алҳол як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои […]

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе барқарор кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар доданд, парвоз субҳи имрӯз аз Душанбе ба Деҳлӣ сурат пазируфта, ин шом ҳавопаймо ба Душанбе бозмеояд.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо тариқи ин хатсайр алҳол як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд.

Ба ҷуз самти Деҳлӣ, ширкати миллии ҳавопаймоӣ айни замон ҳамарӯза ба шаҳри Маскав низ парвоз анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкили молиявӣ парвозҳои худро ба ҳама самтҳо, аз ҷумла, бо хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе қатъ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз 1-уми декабри соли равон дигар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” низ парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе оғоз мекунад.

Парвозҳои мунтазами ширкати мазкур тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе доир мешаванд.

“Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймои тамғаи Боинг 737 сурат мепазиранд”, – иттилоъ медиҳад торнамои “Сомон Эйр”.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки техникии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, ҳамчунин чархболи Airbus H125 иборат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.