Дуздии зару зевар ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ

Як ноболиғи 14-сола ҳамроҳи ҷавони шиносаш дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми дуздии телефону ҷавоҳирот дастгир шудааст. Марди 38-сола ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ариза навиштааст, ки шаби 25 ба 26-уми ноябр шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш пинҳонӣ даромада, аз он ҷо 1 телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як ноболиғи 14-сола ҳамроҳи ҷавони шиносаш дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми дуздии телефону ҷавоҳирот дастгир шудааст.

Марди 38-сола ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ариза навиштааст, ки шаби 25 ба 26-уми ноябр шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш пинҳонӣ даромада, аз он ҷо 1 телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Маблағи умумии зарар 70000 сомониро ташкил додааст.

Тибқи иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони милитсия як ноболиғи 14-сола ва ҷавони 19-соларо, ки ҳар ду сокинони ҳамин ноҳия мебошанд, бо гумони дуздӣ боздошт кардаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.