Толибилмони тоҷикистонӣ ғолиби озмуни байнулмилалӣ шуданд

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хоруғи ВМКБ дар озмуни байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” дар Гурҷистон пирӯз гардиданд. “Тоҷикистонро дар ин олимпиада 7 нафар хонандагони мактабҳои Бадахшон муаррифӣ карда, ҳамаи онҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд”, – гуфт ба Asia-Plus корманди Раёсати маорифи ВМКБ Панҷшанбе Назаршоев.   Аз байни онҳо Зуҳро Алифбекова, хонандаи мактаби №7-и шаҳри Хоруғ сазовори унвони Қаҳрамони мутлақ (Суперчемпион) гардида, […]

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хоруғи ВМКБ дар озмуни байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” дар Гурҷистон пирӯз гардиданд.

“Тоҷикистонро дар ин олимпиада 7 нафар хонандагони мактабҳои Бадахшон муаррифӣ карда, ҳамаи онҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд”, – гуфт ба Asia-Plus корманди Раёсати маорифи ВМКБ Панҷшанбе Назаршоев.  

Аз байни онҳо Зуҳро Алифбекова, хонандаи мактаби №7-и шаҳри Хоруғ сазовори унвони Қаҳрамони мутлақ (Суперчемпион) гардида, ҳамчунин Аниса Имомбердиева, толибилми синфи 7-и литсеи Оғохон ва Шоҳғиёс Маҳмадризохонов, хонандаи синфи 6-и мактаби президентӣ унвони Қаҳрамон (Чемпион)-ро ба даст оварданд.

Ҷойи аввалро муҳассилини литсеи Оғохон – Хайрилобек Абдуламиров (синфи 6) ва Зуҳро Элназарова (синфи 4) соҳиб шуданд.

Доварони озмун ба Абдулназар Мавлоназаров, хонандаи синфи 4-и мактаби президентии шаҳри Хоруғ мақоми дуюм ва Зуҳро Шафиева, хонандаи синфи 7-и мактаби №2 ҷойи сеюмро лоиқ донистанд.

Ин толибилмонро имрӯз, 27-уми ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд. Ба гуфтаи корманди Раёсати маорифи ВМКБ, ҳоло онҳо дар шаҳри Хоруғ барои истиқболи ғолибони озмун омадагӣ мебинанд.

“Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин шогирдонро барои пирӯзӣ дар олимпиадаи байнулмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ – 2019” самимона таҳният мегӯяд”, – афзуд Назаршоев.

Ёдовар мешавем, ки ин озмун рӯзи 22-юми ноябр дар Гурҷистон бо ташаббуси “Асотсиатсияи ҷаҳонии арифметикаи зеҳнӣ” (GAMA) гузаронида шуд. Дар он хонандагон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.