Зинаи 132-юми Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ

Date:

Дар раддабандии навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз зинаи охирин ба ҷойи 132-юм боло рафт.

Портали хизматгузории интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги навбатиро оид ба суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон барои моҳи октябри соли 2019 нашр кард.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ зинаи 132-юмро дар байни 141 кишвар ишғол мекунад.

Аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ низ Тоҷикистон се зина боло рафта, миёни 176 давлати дунё мақоми 108-умро касб кардааст.

Қаблан аз лиҳози суръати интернети мобилӣ муаллифон Тоҷикистонро дар зинаи 137-уми охирин пас аз Афғонистон ҷой дода буданд.

Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯйи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон зинаи 99-ум, Русия – 91, Қирғизистон – 106 ва Ӯзбекистон – мақоми 136-умро касб кардаанд.

Тибқи маълумоти гузориши моҳи январи агентиҳои маркетингии We Are Social ва Hootsuite дар бораи фазои глобалии рақамӣ, 33% аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Дар Осиёи Марказӣ танҳо нишондиҳандаи Туркманистон (18%) аз ин пасттар аст. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти пажӯҳиши Internet Live Stats, шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон аз ин ҳам камтар – ҳамагӣ 19%-и аҳолиро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...