Созиши Душанбе ва Исломобод оид ба рафъи оқибати офатҳои табиӣ

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насриддин чанде қабл бо раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Покистон генерал-лейтенант Муҳаммад Афзал дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Муҳаммад Афзал намояндаи расмии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, аз таассуроти сафари худ ба Душанбе дар моҳи сентябри соли 2019 бо изҳори қаноатмандӣ ёдовар шуд. Сафири Тоҷикистон оид […]

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насриддин чанде қабл бо раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Покистон генерал-лейтенант Муҳаммад Афзал дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Муҳаммад Афзал намояндаи расмии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, аз таассуроти сафари худ ба Душанбе дар моҳи сентябри соли 2019 бо изҳори қаноатмандӣ ёдовар шуд.

Сафири Тоҷикистон оид ба даъвати гурӯҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Покистон барои омӯзиш изҳори ташаккур намуда, қайд кардааст, ки дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ миёни ду кишвар бояд густариш ёбанд.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби генерал Муҳаммад Афзал ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ баҳри рафъи офатҳои табиӣ ва кумакҳои саривақтии муштарак пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи рафти баррасии лоиҳаи санади дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда табодули андеша намуда, зарурати ба имзо омода сохтани онро қайд карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.