Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 28-уми ноябр ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Бишкек ба шаҳри Тошканд сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд Эмомалӣ Раҳмонро  сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Гуфта мешавад, сипас Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 28-уми ноябр ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Бишкек ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд Эмомалӣ Раҳмонро  сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, сипас Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои равобити ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф баррасӣ шуд.

Аз сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус, миёни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Имрӯз дар шаҳри Тошканд Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ин вохӯрӣ баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ оид ба сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сарони кишварҳои минтақа ҳамчунин атрофи масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ табодули назар мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ санади ҷамъбастӣ қабул мешавад.

Ташаббуси баргузории вохӯриҳои мунтазами машваратии сарони давлатҳои минтақа аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2017 дар ҷараёни иҷлоси 72-юми Маҷмааи Умумии СММ пешниҳод шуд. Вохӯрии аввал моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Нур-Султон доир гардид.

Дар вохӯрии Тошканд сарони кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Қазоқистонро раисҷумҳури аввалини ин кишвар Нурсултон Назарбоев намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.