Ҳукми 16 соли зиндон барои бо корд захмӣ кардани донишҷӯён

Date:

Суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Абдулвосеъ Бобизодаро барои корд задани се донишҷӯ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамзамон мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” муҳлати ҷазои адонашудаи ӯ аз чор як ҳисса кам гардид. 

Мурофиаи додгоҳӣ дар барномаи “Сипар”-и ВКД ҶТ тавассути ТВ “Сафина” намоиш дода шуд. 

Гуфта мешавад, Абдулвосеъ Бобизода, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳаммаслаконаш дар кӯчаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино муноқиша кардаанд. Номбурда бо қасди куштори ҳарифонаш ба узвҳои ҳаётан муҳими 3 нафари онҳо бо корд зарба задааст. Ҷабрдидагон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Абдулвосеъ Бобизода аз рӯйи моддаҳои 237 (Авбошӣ), 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол таъин карда шуд. Ҳамчунин мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” ҷазои адонашудаи Бобизода аз чор як ҳисса кам гардид.

Дар ин мурофиаи додгоҳӣ 3 нафар ҳаммаслакони Бобизода мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...