Ҳукми 16 соли зиндон барои бо корд захмӣ кардани донишҷӯён

Суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Абдулвосеъ Бобизодаро барои корд задани се донишҷӯ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамзамон мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” муҳлати ҷазои адонашудаи ӯ аз чор як ҳисса кам гардид.  Мурофиаи додгоҳӣ дар барномаи “Сипар”-и ВКД ҶТ тавассути ТВ “Сафина” намоиш дода шуд.  Гуфта мешавад, Абдулвосеъ Бобизода, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳаммаслаконаш […]

Суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Абдулвосеъ Бобизодаро барои корд задани се донишҷӯ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамзамон мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” муҳлати ҷазои адонашудаи ӯ аз чор як ҳисса кам гардид. 

Мурофиаи додгоҳӣ дар барномаи “Сипар”-и ВКД ҶТ тавассути ТВ “Сафина” намоиш дода шуд. 

Гуфта мешавад, Абдулвосеъ Бобизода, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳаммаслаконаш дар кӯчаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино муноқиша кардаанд. Номбурда бо қасди куштори ҳарифонаш ба узвҳои ҳаётан муҳими 3 нафари онҳо бо корд зарба задааст. Ҷабрдидагон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Абдулвосеъ Бобизода аз рӯйи моддаҳои 237 (Авбошӣ), 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол таъин карда шуд. Ҳамчунин мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” ҷазои адонашудаи Бобизода аз чор як ҳисса кам гардид.

Дар ин мурофиаи додгоҳӣ 3 нафар ҳаммаслакони Бобизода мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.