Дар Қазоқистон сабуктар сохтани шуғли муҳоҷирони тоҷику ӯзбек пешниҳод шуд

Date:

Иштирокчиёни платформаи муколамавии назди Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пешниҳод карданд, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои равуои бе раводид иҷозатнома барои фаъолият дар тиҷорати хурд бекор шавад. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад.

“Айни замон бе иҷозатнома муҳоҷиронро танҳо ба сифати коргар дар хона киро кардан имкон дорад. Дар ҳолатҳои боқимонда ба корфармо дар доираи квотаи ҳамасола барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ иҷозатнома гирифтан зарур аст. Дар натиҷа аксарият бе шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд ва вақте ки шартнома вуҷуд надорад, ҳуқуқ ҳам нест”, – гуфтааст намояндаи фонди ҷамъиятии “Ташаббуси байнулмилалии ҳуқуқӣ” Аина Шорманбоева.

Ба гуфтаи ӯ, фонд сабуктар кардани расмиёти ба кор гирифтани муҳоҷиронро пешниҳод карда, намояндаи Кумитаи хадамоти муҳоҷирати ВКД итминон додааст, ки “тавсия амалан иҷро шудааст”.

“Агар парлумон пешниҳоди ВКД-ро пазирад, тиҷорати хурд дар кишвар қонунӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон ё Тоҷикистонро ба кор гирифта метавонад. Ин ба пешгирии ҳолатҳои сершумори вайронкунии ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва коррупсия имкон дода, аз андоз маблағи зиёдтар ба буҷет ворид мегардад. Мо аз вакилони парлумон даъват мекунем, ки ин тағйиротро дастгирӣ кунанд, то ки ба миллионҳо одамон барои қонунӣ фаъолият кардан шароит фароҳам оварда шавад”, – гуфтааст Шорманбоева.

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Ӯзбекистон ба душвориҳои зиёд дар Қазоқистон дучор мешаванд. Баъзан онҳо корҳои хатарнокеро иҷро карда, ҳуқуқашон риоя намешавад, лекин кам касон ба пулис муроҷиат мекунанд. Ҳамчунин ҳолатҳои ба ғуломӣ гирифтани муҳоҷирон низ кам нестанд. Корфармо ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифта, маҷбуран кор мефармояд. Ғайр аз ин, чунин коргарон барои шуғли ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Соли 2019 квотаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар Қазоқистон ҳудуди 48,7 ҳазор ададро ташкил дод. То 1-уми ноябр ҳукумат ба хориҷиён беш аз 20,5 ҳазор иҷозатнома барои кор додааст.

Платформаи муколамавии назди Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон аз соли 2013 фаъолият дорад. Ҳайати он аз намояндагои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...