Дар хатсайри №25-и пойтахт вақти шиддати кори нақлиёт автобусҳо ҳаракат мекунанд

Дар хатсайри микроавтобусҳои №25-и нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аз маҳаллаи Зарафшон то бозори Меҳргон мусофирбарҳои нави тамғаи AKIA аз 2-юми декабр ба равуо оғоз карданд. Дар шаҳрдорӣ мутмаинанд, ки шаш автобуси нав ба ҳалли мушкили мусофиркашонӣ дар ин хатсайр кумак хоҳанд кард. Автобусҳо бо ин хатсайр танҳо субҳу бегоҳӣ, ба истилоҳ замони шиддати кори нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат мекунанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар хатсайри микроавтобусҳои №25-и нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аз маҳаллаи Зарафшон то бозори Меҳргон мусофирбарҳои нави тамғаи AKIA аз 2-юми декабр ба равуо оғоз карданд.

Дар шаҳрдорӣ мутмаинанд, ки шаш автобуси нав ба ҳалли мушкили мусофиркашонӣ дар ин хатсайр кумак хоҳанд кард.

Автобусҳо бо ин хатсайр танҳо субҳу бегоҳӣ, ба истилоҳ замони шиддати кори нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат мекунанд.

“Равуои автобусҳо маънои онро надорад, ки микроавтобусҳо (маршруткаҳо) аз ин хатсайр гирифта мешаванд”, – қайд кард як манбаъ дар дастгоҳи раиси шаҳр.

Тибқи маълумоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.