Лионел Месси бори шашум соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шуд

Рӯзи 2-юми декабр дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис ба ҳамлагари мунтахаби футболи Аргентина ва тими “Барселона”-и Испания Лионел Месси ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” тақдим шуд. Онро маҷаллаи маъруфи France Football ҳамасола ба беҳтарин футболбози сайёра месупорад. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад. Барои капитани дастаи “Барселона” ва тими мунтахаби Аргентина ин “Тӯби тиллоӣ” шашум ва […]

Рӯзи 2-юми декабр дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис ба ҳамлагари мунтахаби футболи Аргентина ва тими “Барселона”-и Испания Лионел Месси ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” тақдим шуд. Онро маҷаллаи маъруфи France Football ҳамасола ба беҳтарин футболбози сайёра месупорад. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Барои капитани дастаи “Барселона” ва тими мунтахаби Аргентина ин “Тӯби тиллоӣ” шашум ва рекордӣ буда, акнун Лео аз рақиби асосии худ дар гирифтани ин ҷоиза – ҳамлагари мунтахаби Поругалия ва дастаи “Ювентус”-и Италия Криштиану Роналду пеш гузашт. Роналду панҷ маротиба соҳиби ин ҷоиза шудааст.

Дар маросими тақдими ҷоиза Месси дар иҳотаи ҳамлагари мунтахаби Лаҳистон (Полша) ва тими “Бавария”-и Олмон Роберт Левандовски ва ҳимоягари мунтахаби Нидерланд ва дастаи “Ливерпул”-и Англия Вирҷил ван Дейк нишаста буд. Ҳамчунин аз ҷониби Ван Дейк ҳамлагарони мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ва тими “ПСЖ” Антуан Гризманн дар як қатор нишаста буданд.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба Месси ғолиби соли гузашта – нимҳимоягари мунтахаби Хорватия ва тими “Реал”-и Лука Модрич супурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.