Як метр баландтару зеботар. Оғози корҳои гузоштани арчаи солинавӣ дар Душанбе

Аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, ки арчаи солинавии пойтахт имсол баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд. Арчаи солинавӣ дар майдони асосии Тоҷикистон – “Дӯстӣ” гузошта шуда, баландии он 29 метр (соли гузашта – 28 метр) ва масоҳати он дар атрофи поягоҳ 15 метрро ташкил медиҳад. Бо супориши шаҳрдор Рустами Эмомалӣ арчаи солинавии шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, ки арчаи солинавии пойтахт имсол баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.

Арчаи солинавӣ дар майдони асосии Тоҷикистон – “Дӯстӣ” гузошта шуда, баландии он 29 метр (соли гузашта – 28 метр) ва масоҳати он дар атрофи поягоҳ 15 метрро ташкил медиҳад.

Бо супориши шаҳрдор Рустами Эмомалӣ арчаи солинавии шаҳри Душанбе бояд то рӯзи 10-уми декабр қомат афрозад.

Тавре аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, ба ҷуз арчаи солинавӣ, дар майдони “Дӯстӣ” як шаҳраки мукаммали афсонавӣ бунёд шуда, дар атрофи арча манзараҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои солинавӣ гузошта мешаванд.

Чун солҳои пешин арчаи асосии кишвар имсол низ светодиодӣ ва аз чор ранг иборат буда, ин дафъа онро 16 ҳазор адад бозичаҳо оро медиҳанд.

Шаби 31-уми декабр дар майдони “Дӯстӣ” бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор шуда, дар фарҷоми он муддати панҷ дақиқа мушакпарронӣ сурат мепазирад.

Баландии арчаи солинавии Тошканд 36 метр аст

Дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Тошканд, назди китобхонаи ба номи Алишери Навоӣ баландтарин арчаи солинавӣ дар таърихи Ӯзбекистон гузошта шуд. Арчаи солинавии пойтахти Ӯзбекистон имсол бо 25 ҳазор бозича зебу зинат дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.