Дар Суғд беш аз 30 тонна доруворию ғизои муҳлаташ гузаштаро сӯзониданд

Имрӯз дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд 31 тонна доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ, хӯроквории муҳлаташ гузашта, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шуд. Ин молу маҳсулоти пастсифатро кормандони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд тӯли моҳҳои сентябр то декабр аз фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳӣ ҷамъоварӣ карда, соҳибони онҳоро […]

Мадина Почоева, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд 31 тонна доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ, хӯроквории муҳлаташ гузашта, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шуд.

Ин молу маҳсулоти пастсифатро кормандони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд тӯли моҳҳои сентябр то декабр аз фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳӣ ҷамъоварӣ карда, соҳибони онҳоро ҷарима бастаанд.

Ба гуфтаи сардори сарраёсат Илҳом Ҷабборов, ҳамагӣ 974 номгӯй ба миқдори 222303 адад ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ молу маҳсулот, ки аз кишварҳои Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Туркиё, Русия ва Укроин ба вилоят ворид шудааст, мусодира ва нобуд гардид. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз 31 тонна маҳсулоти нобудшуда 22 тоннаашро соҳибкорони ширкатҳои гуногун бо мактуб ва ихтиёрӣ барои маҳвкунӣ супориданд.

Вай афзуд, ки моҳи августи соли ҷорӣ низ кормандони ин сохтор қариб 20 тонна маводи пастсифату тариқи қочоқ воридшуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро сӯзониданд.

Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ сарраёсати мазкур зиёда 120 тонна молу маҳсулоти тиббию хӯрокворӣ ва ороишию гигиениро нобуд карда, соҳибони онҳоро ба маблағи қариб 425 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.