Бонкҳои Тоҷикистон ду рӯзи истироҳат барои интиқоли пули муҳоҷирон кор мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки нуқсонҳои марбут ба пардохти маблағҳои интиқолшударо аз байн мебарад. Айни ҳол фақат низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” фаъол буда, интиқоли пул ба “Корти миллӣ” низ имконпазир аст. Бо супориши Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат – шанбе ва якшанбе, 7-8 декабри соли равон тамоми ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои […]

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки нуқсонҳои марбут ба пардохти маблағҳои интиқолшударо аз байн мебарад. Айни ҳол фақат низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” фаъол буда, интиқоли пул ба “Корти миллӣ” низ имконпазир аст.

Бо супориши Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат – шанбе ва якшанбе, 7-8 декабри соли равон тамоми ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар барои амалӣ кардани интиқоли маблағ ва дигар намуди хизматрасониҳо фаъолият мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи матбуоти БМТ иттилоъ доданд.

“Шаҳрвандон маблағҳои интиқолии худро метавонанд тавассути низомҳои пардохтии “Юнистрим” (12-рақама) ва “Контакт” (8 ва 9 рақама) амалӣ намоянд. Айни замон истифодаи кодҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” ғайриимкон аст”, – афзуд манбаъ.

БМТ ду рӯз пеш иттилоъ дода буд, ки мизоҷон ҳамчунин маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас карда метавонанд. Ҳоло интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба корти БДА “Амонатбонк” имкон надорад.

Asia-Plus оид ба ин мавзӯъ дар матлаби “Имрӯз чӣ гуна метавон аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристод?” маълумоти муфид ҷамъоварӣ кардаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.