Имрӯз чӣ гуна метавон аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристод?

Аз 3-юми декабр дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоб дар қаламрави Тоҷикистон тавассути ин Марказ анҷом дода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик ва наздикони онҳо аз мушкилоти ҷойдошта зимни фиристодану гирифтани пул шикоят мекунанд. Доир ба пайдо шудани нуқсон дар низомҳои […]

Аз 3-юми декабр дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоб дар қаламрави Тоҷикистон тавассути ин Марказ анҷом дода мешаванд.

Муҳоҷирони тоҷик ва наздикони онҳо аз мушкилоти ҷойдошта зимни фиристодану гирифтани пул шикоят мекунанд. Доир ба пайдо шудани нуқсон дар низомҳои пардохт хабар дода мешавад. Бархе мегӯянд, ки бонкҳои Русия интиқоли маблағро ба Тоҷикистон рад мекунанд, дигарон шикоят доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ пули ирсолшударо гирифта наметавонанд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ба муштариён ва наздикони худ дар кишварҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми фиристодани маблағҳо ба Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода намоянд. Коди “Юнистрим” 12-рақама буда, коди “Контакт” 9-рақама мебошад. Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд. Мизоҷон инчунин маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас карда метавонанд. Ҳоло интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба корти БДА “Амонатбонк” имкон надорад.

Asia-Plus дар бораи интиқоли пул ба Тоҷикистон маълумоти муфид ҷамъоварӣ кард:

Интиқоли пул ба Тоҷикистон боздошта шудааст?

Не, интиқоли пулро ба Тоҷикистон на ҳамаи низомҳо боздоштанд.

Аммо дар робита ба талаботи нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) на ҳамаи низомҳои интиқоли маблағ ба Маркази миллии протсессингӣ (ММП)-и интиқоли пул пайваст шудаанд ва аз ин рӯ, муваққатан ирсолро ба кишвар боздоштаанд.

Кадом низомҳои интиқоли пул ба ММП пайваст шудаанд?

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, айни замон низомҳои пардохти “Юнистрим” ва “Контакт” ҳамгироӣ бо ММП-ро пурра ба итмом расониданд. Тавассути ин низомҳо шарвандон бемонеа метавонанд амалиёти интиқолро анҷом диҳанд.

Дар кадом бонкҳои Русия метавон тавассути ин низомҳо ба Тоҷикистон пул фиристод?

Интиқоли пул тариқи “Юнистрим” аз ҳама гуна нуқтаи Юнистрим дар шабакаи худаш, ҳамчунин дафтарҳои кории бонкҳои Авангард, Фора, АТБ, Промсвязьбанк, нуқтаҳои МТС, ТЕЛЕ2 ва дигар шарикони низом имконпазир аст.

Дар 1100 нуқтаи он дар Тоҷикистон маблағро метавон дастрас кард. Ба суроғаи https://unistream.ru/locationshttps://unistream.ru/locations гузашта, бо ишораи макони ҳузуратон нуқтаи наздиктарини қабул ва гирифтани маблағро бо низоми “Юнистрим” дарёфт карда метавонед.

Низоми пардохти “Контакт” дар сомонаи худ аз 400 ҳазор нуқтаи хизматрасониаш дар саросари дунё хабар медиҳад. Ба суроғаи https://www.contact-sys.com/wherehttps://www.contact-sys.com/where гузашта, бо пахши тугмаи “Рядом со мной” нуқтаи наздиктарини фиристодану гирифтани маблағро тавассути низоми “Контакт” дарёфт карда метавонед.

“Золотая корона” интиқоли маблағро қабул мекунад, аммо гирифтани он дар Тоҷикистон ғайриимкон аст. Чӣ бояд кард?

Низоми “Золотая корона” хабар медиҳад, ки хизматрасонии интиқоли пул бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, интиқоли маблағро ба Тоҷикистон қабул мекунад, аммо пулро дар Тоҷикистон намедиҳанд.

“Золотая Корона” ҳамгироӣ бо ММП-ро анҷом надода, иҷрои талаботи қонунгузории Тоҷикистонро таъмин накардааст ва интиқоли пул тариқи ин низом ғайриимкон аст. Барои дучори мушкилӣ нашудан, то пайвастшавии расмии “Золотая корона” ба ММП аз фиристодани пул тариқи ин низом худдорӣ кунед.

Чӣ бояд кард, агар пулро тариқи “Золотая корона” фиристодам, вале наздиконам онро гирифта наметавонанд?

Шуморо лозим меояд, ки мунтазири пайвастшавии “Золотая корона” ба низоми нав шавед. Ё метавонед интиқоли пулро мувофиқи қоидаҳои дар низоми “Золотая корона” пешбинишуда бекор карда, маблағро тавассути низомҳои “Юнистрим” бо коди 12-рақама ва “Контакт” бо коди 9-рақама фиристед.

Дигар низомҳои интиқоли пул кай ба ММП пайваст мешаванд?

Бино ба маълуомоти Бонки миллии Тоҷикистон, мувофиқа ва ҳамгироии низоми “Вестерн Юнион” бо ММП дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ин низом ҷараёни ҳамгироиро ба итмом расонида, анҷоми амалиёти интиқоли маблағро ба Тоҷикистон таъмин мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон барои пайвастшавии дигар низомҳои интиқоли маблағ гуфтушунид дорад, аммо кай пайваст шудани онҳо маълум нест.

Дигар воситаҳои интиқоли пул ба Тоҷикистон ҳастанд?

Бале, ҳастанд! Шумо метавонед маблағро ба “Корти миллӣ”-и бонкҳои Тоҷикистон гузаронед. Интиқоли пулро ба “Корти миллӣ” метавон тавассути замимаи «Сбербанк онлайн», «Золотая корона», «Юнистрим», ҳамчунин дар терминалҳои «Qiwi»  ва нуқтаҳои алоқаи «Связной» анҷом дод. Чӣ гуна ба корти бонкӣ фиристодани пулро аз бонки дорандаи корт пурсед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.