Ҳудуди 88%-и гирифторони ВНМО дар Суғд аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд

Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, тӯли 10 моҳи соли 2019 дар вилоят 343 нафар гирифторони нави ВНМО ба қайд […]

Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, тӯли 10 моҳи соли 2019 дар вилоят 343 нафар гирифторони нави ВНМО ба қайд гирифта шудаанд.

“Миёни онҳо 195 нафар мардон, 148 нафар занон ва 13 ноболиғ ҳастанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта 330 чунин ҳолат вуҷуд дошт”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 22 нафар аз шумори умумии сироятёфтагон шахсоне мебошанд, ки бо сӯзандору маводи мухаддир истеъмол мекунанд, беш аз 300 нафар (87,8%) аз алоқаи ҷинсӣ, 10 нафар – тариқи аз модар ба кӯдак ва 4 нафар бо роҳи номаълум ба ангезандаи ин беморӣ гирифтор шудаанд.

“Аз соли 2001 то 31-уми октябри соли 2019 дар вилояти Суғд 2731 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 1687 нафарашон занон ва 1044 нафарашон мардон мебошанд”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 39 гирифтори ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Дар давраи мазкур 782 нафар дар вилоят аз бемории пайдошудаи норасоии масуният фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.