Маркази миллии интиқоли маблағҳо фардо ба фаъолият оғоз мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, ки аз 3-юми декабр Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз мекунад. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди БМТ амал хоҳад кард. “Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, ки аз 3-юми декабр Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз мекунад.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди БМТ амал хоҳад кард.

“Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд”, – омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.

“Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо – маҷмааи барномавию техникии Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯйи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб тавассути суратҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон, ки дар асоси шартнома дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки маркази мазкур имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад, сифати хизматрасониро барои интиқолгирандагон беҳтар намуда, имкони назоратро дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин менамояд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти “КоммерсантЪ”, тамоми ҳафтаи гузашта иштирокчиёни бозори интиқоли пул ва Бонки марказӣ талош варзидаанд, ки аз қатъи интиқоли маблағҳо байни Русия ва Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Рӯзи 25-уми ноябр дар Бонки Русия бо иштироки намояндагони БМТ, MoneyGram, Contact, «Вестерн Юнион» ва «Золотая корона» машварат доир гардида, зимнан масъалаи кори минбаъдаи низомҳои интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар машварат изҳор гардидааст, ки зиёда аз 90%-и ҳамаи интиқолҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба низомҳои мазкур рост омада, дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо ба низоми нави Бонки миллии Тоҷикистон пайваст нашудаанд.

Барои равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои техникӣ ва танзими кор иштирокчиёни вохӯрӣ аз БМТ дархост кардаанд, ки муҳлати пайвастшавӣ ба низомро ним сол дароз кунад, лекин аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Илова бар ин, рӯзи 26-уми ноябр БМТ ба операторони низомҳои пардохт мактуб фиристода, ишора кардааст, тибқи тартиботи интиқоли фаромарзӣ фаъолияти операторони интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон, ки шартномаҳои дахлдор ба имзо нарасонида, бо Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, аз 3-юми декабр боздошта шавад. Ба “Ъ” муяссар нашудааст, ки дар ин бора шарҳу тавзеҳ дастрас кунад.

Бо назардошти миқёси интиқоли маблағ байни ин бозорҳо ва розӣ нашудани БМТ ба созиш, бозигарони бозори Русия ба раҳгумӣ задаанд. Ба дархости “Ъ” дар Бонки марказии Русия хабар додаанд, ки “қонунгузории Русия ба низомҳои пардохт, ки интиқоли фаромарзии маблағҳоро бе кушодани суратҳисоб амалӣ мекунанд, ба пайваст шудан ба Маркази протсессингии БМТ имкон медиҳад”.

Ба ақидаи коршиносони русиягӣ, ин ба қиматшавии хизматрасонии интиқоли пул боис мегардад. Қаблан директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии пардохт Мария Михайлова дар шарҳи ин масъала ба нашрия гуфта буд, ки иқдоми мазкур мустақиман мухолифи меъёрҳои қонуни федералӣ “Дар бораи низоми миллии пардохт” буда, сохтори хориҷӣ маркази ҳисобу китоб барои низомҳои интиқоли пули русиягӣ шуда наметавонад.

“Илова бар ин, бо гузаштан ба низоми пешниҳодкардаи БМТ ҳамаи тарзҳои кори давоми солҳои тӯлонӣ роҳандозишудаи бозор аз байн меравад, ки ба қиматшавии хизматгузории интиқоли пул барои истеъмолгарон боис мешавад”, – изҳор дошта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон маблағи комиссия барои хизматрасонии интиқоли пул 0,5-1% аз ҳаҷми интиқолро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.