“Коммерсант”: Бонки миллии Тоҷикистон низоми миллии интиқоли пулро ҷорӣ мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 1 сентябр низоми миллии интиқоли пулро ҷорӣ мекунад. Пас аз ин низомҳои русиягӣ ва байнулмилалӣ интиқоли пулро ба Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди воситаҳои ҷойгиркардаашон дар БМТ анҷом дода метавонанд. Ин гуна низом дар ҳеҷ яке аз кишварҳои ИДМ истифода нашуда, мухолифи қонунгузории Русия аст ва бо Бонки Русия мувофиқа нашудааст. […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 1 сентябр низоми миллии интиқоли пулро ҷорӣ мекунад. Пас аз ин низомҳои русиягӣ ва байнулмилалӣ интиқоли пулро ба Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди воситаҳои ҷойгиркардаашон дар БМТ анҷом дода метавонанд.

Ин гуна низом дар ҳеҷ яке аз кишварҳои ИДМ истифода нашуда, мухолифи қонунгузории Русия аст ва бо Бонки Русия мувофиқа нашудааст. Дар ҳамин ҳол, тағйири қоидаҳо ба бозори беш аз 2,5 млрд. доллар маблағ дар як сол дахл мекунад. Бонки марказии Русия ва Вазорати молия ваъда медиҳанд, ки ба ин масъала “расидагӣ” мекунанд, лекин вақт хеле кам мондааст.

Нашрияи “Коммерсант” менависад, дар мактуби Ассотсиатсияи миллии пардохт ба ин мақомот ва муовини аввали сарвазир Антон Силуанов дар ин робита гуфта мешавад, ин иқдоми БМТ моҳиятан манъи дастрасии мустақими низомҳои пардохтро ба бозори молиявии Тоҷикистон ифода мекунад.

Тибқи иттилои “Ъ”, БМТ низомҳои интиқоли маблағи русиягӣ ва байнулмилалиро огоҳ кардааст, ки аз 1 сентябр барои кор бо оператор ва иштирокчиёни ин бозор низоми миллиро ҷорӣ месозад.

Баъд аз ин бонкҳои Тоҷикистон бо низомҳои интиқол на мустақиман, балки танҳо тариқи низоми миллӣ ҳамкорӣ карда метавонанд. Барои ин ҳамаи низомҳо бояд дар БМТ суратҳисобҳои муросилавӣ мекушоянд ва интиқол танҳо дар сурати мавҷуд будани воситаҳо дар онҳо амалӣ мешавад.

Дар Бонки марказӣ гирифтани мактубро тасдиқ кардаанд: “Мо бо иштирокчиёни манфиатдори бозор ин масъаларо баррасӣ карданием. БМТ пешакӣ нақшаҳояшро бо мо баррасӣ накардааст”.

Дар Вазорати молия низ мактубро гирифта, онро “мавриди баррасӣ” қарор доданд. Ин иқдом пешорӯйи низомҳои интиқоли пули русиягӣ ва байнулмилалӣ суолҳои зиёдеро ба миён гузоштааст.

Директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии пардохт Мария Михайлова дар шарҳи ин масъала ба нашрия гуфтааст, иқдоми мазкур мустақиман мухолифи меъёрҳои қонуни федералӣ “Дар бораи низоми миллии пардохт” буда, сохтори хориҷӣ маркази ҳисобу китоб барои низомҳои интиқоли пули русиягӣ шуда наметавонад.

“Илова бар ин, бо гузаштан ба низоми пешниҳодкардаи БМТ ҳамаи тарзҳои кори давоми солҳои тӯлонӣ роҳандозишудаи бозор аз байн меравад, ки ба қиматшавии хизматгузории интиқоли пул барои истеъмолгарон боис мешавад”, – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон маблағи комиссия барои хизматрасонии интиқоли пул 0,5-1% аз ҳаҷми интиқолро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.