Медали биринҷии варзишгари тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо

Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд. Бино ба иттилои Кумитаи милии олимпӣ,  аз Тоҷикистон ду варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100кг дар мусобиқа иштирок карданд. Хуршед дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100кг шуд, мағлуб гардида, […]

Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи милии олимпӣ,  аз Тоҷикистон ду варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100кг дар мусобиқа иштирок карданд.

Хуршед дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100кг шуд, мағлуб гардида, сипас дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари чех Радек Ҳеклро шикаст дод. Медали нуқраро варзишгари муғул Хангал Одбаатар ба даст овард.

Хайёмиддин, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Чо Фунг Леунг, дар чорякфинал бар варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболд пирӯз гардида, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал аз намояндаи Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ғолиби вазни -73кг гардид ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Муғулистон Болор-Очир Герелтуйа мағлуб гашта, ҷойи панҷумро ишғол кард. Медали нуқраи вазни -73кг насиби намояндаи Қазоқистон Медиёр Сембаев, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Константин Габун гардид.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқа 30 ноябр – 1 декабр дар Ҳонг Конг бо иштироки 163 варзишгар (96 мард, 67 зан) аз 30 давлат баргузор гашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.