Соли 2020 пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон 100 тамрин мегузаронад

Дар соли нави таълим, ки аз 1-уми декабр шурӯъ шуд, сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қариб дар 100 тамрин иштирок мекунанд. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе муовини фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-майор Евгений Поплавский хабар додааст. “Дар назар аст, ки низомиёни русиягӣ қариб ба 100 […]

Дар соли нави таълим, ки аз 1-уми декабр шурӯъ шуд, сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қариб дар 100 тамрин иштирок мекунанд.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе муовини фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-майор Евгений Поплавский хабар додааст.

“Дар назар аст, ки низомиёни русиягӣ қариб ба 100 размоиши миқёси гуногун сафарбар мешаванд. Масалан, беш аз 70 тамрин дар маҳал бо тирпарронии ҷангӣ, зиёда аз 5 машқ бо гурӯҳи авиатсионӣ ва ҳамчунин машқҳои якчанд амалиёти байнулмилалӣ бо иштироки низомиёни тоҷикистонӣ баргузор мешавад”, – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз 1-уми декабр дар машқгоҳи Лоҳур машғулиятҳои нахустини дастаҳои хизматчиёни низоми дифои мушакии С-300, ки охири моҳи октябр ба ихтиёри низомиёни Русия дар Тоҷикистон дода шуданд, оғоз гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.