Дар нони самарқандии “Гала Осиё” чӣ сирре нуҳуфта аст?

Касе, ки аққалан боре ба Самарқанд рафта бошад, натанҳо Регистони ин шаҳри афсонавӣ, балки нонҳои хуштаъми онро низ дар хотир дорад, ки обашон намегурезад. “Гала Осиё” – ин ҳамон нони маъруфи самарқандист, ки дар борааш ҳатто ривояти шавқоваре ҳаст. Мегӯянд, амири Бухоро нахостааст, ки дигар ба ӯ аз Самарқанд нон оранду онро дар қаср пазанд. Барои […]

Касе, ки аққалан боре ба Самарқанд рафта бошад, натанҳо Регистони ин шаҳри афсонавӣ, балки нонҳои хуштаъми онро низ дар хотир дорад, ки обашон намегурезад.

“Гала Осиё” – ин ҳамон нони маъруфи самарқандист, ки дар борааш ҳатто ривояти шавқоваре ҳаст. Мегӯянд, амири Бухоро нахостааст, ки дигар ба ӯ аз Самарқанд нон оранду онро дар қаср пазанд. Барои ин ӯ аз Самарқанд нонвоеро низ овардааст, лекин ҳарчанд ин устои нонпаз бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекардааст, нонҳо чун дар Самарқанд ҳосил намешудаанд.

Тахминҳо гуногун буданд: мегуфтанд, шояд орд аз Самарқанд нест ё гап сари танӯру об аст. Таркибҳои лозимиро аз Самарқанд оварда бошанд ҳам, хоҳу нохоҳ нон чун дар Самарқанд тайёр намешуд. Маълум шуд, ки чизи оддие намерасидааст, яъне барои ҳосил шудани “Гала Осиё-нон”-и ҳақиқӣ обуҳавои Самарқандро овардан лозим будааст. Албатта, ин кор ғайриимкон буда, “Гала Осиё-нон” то ҳол танҳо дар Самарқанд пухта мешавад.

Маҳз аз ҳамон ҷо барои Шумо гузориши видеоӣ таҳия кардем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.