Авфшудагон дар Суғд барои кумакпулӣ муроҷиат мекунанд

Date:

Cоли ҷорӣ ҳудуди 1500 нафар аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд зимни татбиқи қонун «Дар бораи авф» ба озодӣ баромадаву мебароянд. Аз ин шумор 82 нафар сокинони ҷануби кишвар буда, ба маҳалли зист баргаштанд.

Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аксари шахсони аз маҳбас озодшуда хоҳиши кор кардан надоранд. Онҳо ба ин мақомот бештар барои гирифтани кумакпулӣ меоянд, чунки вазъи саломатиашон хуб нест ва ба табобат ниёз доранд.

Раёсати мазкур то 5-уми декабри соли ҷорӣ 685 нафар авфшударо ба қайд гирифтааст. Аз ин теъдод 35 кас бо ҷойи кор таъмин шудаву 3 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 2 нафар қарзи имтиёзнок додаанд.

Дар ин муддат аз миқдори умумии авфшудагони муроҷиаткарда барои 527 нафар кумакпулӣ таъин гардида, аз ин шумор аллакай ба 84 кас пардохт шудааст ва ашхоси боқимонда онро марҳила ба марҳила мегиранд.

Нодирӣ афзуд, ки дар асоси муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, барои шахсони аз маҳбас озодшуда 400 сомонӣ кумакпулии ҳармоҳа пешбинӣ шудааст, ки он ба муҳлати на бештар аз 3 моҳ пардохта мешавад.

«Бо қарори Ҳукумати ҶТ шахси аз маҳбас озодшудае, ки аз ду ҷойи кори мувофиқ даст мекашад, ба гирифтани кумакпулӣ ҳуқуқ надорад. Феълан дар миқёси вилояти Суғд қариб 4 ҳазор ҷойи кори холӣ бо маоши аз 400 то 1700 сомонӣ вуҷуд дорад, ки онҳо бештар дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, саноат, кишоварзӣ ва сохтмон мебошанд», – иброз дошт ӯ.

Айни замон кормандони Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд бақайдгирии авфшудагонро идома дода, ба онҳо имконоти ҷойдоштаро пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...