Бонкҳои Тоҷикистон то соати 19:00 кор мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷону саривақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, аз 11-уми декабри соли равон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар ҳамаи манотиқи кишвар то соати 19:00 тамдид намоянд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷону саривақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, аз 11-уми декабри соли равон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар ҳамаи манотиқи кишвар то соати 19:00 тамдид намоянд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол карда, аз хизматрасониҳои дигари бонкӣ истифода намоянд.

“Ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматгузории бонкӣ дар саросари кишвар то соати 19:00 кор мекунанд, то ки мардум саривақт пулҳои фиристодаро гирифта тавонанд. Шояд рӯзҳои истироҳат ҳам чун дар рӯзҳои истироҳати гузашта бонкҳо кор кунанд”, – хабар доданд ба Азия-Плюс” аз Бонки миллӣ.

Шуъбаи матбуоти БМТ аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ба муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқолдиҳии маблағҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12-рақама буда, коди “Контакт” 9-рақама мебошад. Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд..

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.