Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Сирки давлатӣ намоиши барномаи солинавии “Сирки Маскав ва палангҳои африқоӣ” идома дорад. Билетҳо вобаста ба қатори нишаст аз 40 то 80 сомонӣ нарх доранд. Барои кӯдакони синни то 3-сола бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд даромадан бепул аст.

– Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21 декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.8193 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1545 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1960 – Таъсиси шаҳри энергетикҳо Норак, ки дар наздикиаш нерӯгоҳи барқии ба номи Т.Ӯлҷабоев сохта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Суратгузориш дар бораи вазъи имрӯзаи нерӯгоҳ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

2002 – Анҷоми ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳади ҶТ супоридани дастаи марзбонии Мурғоб.

2006 – Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи таъсиси Маркази иттилоотии ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) ҳамроҳ шуд.

2010 – Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку»-ро тасдиқ намуданд.

1908-1976 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Бақоева.

1939 – Мавлуди шоир Амир Хошок.

1944-1994 – Зодрӯзи шоир Амонбек Шоҳзода.

1984 – Зодрӯзи рӯзноманигор Зарангези Наврӯзшо.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5 хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, (дар мавзеи Булункул 35-37° хунук), рӯзона 5-10° хунук, (дар мавзеи Булункул 18-20° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои камабри бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 12+14° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 7-9° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...