Дар шаҳри Хоруғ бинои нави Коллеҷи тиббиро ба истифода доданд

Бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хоруғ расман ифтитоҳ шуд. Тавре Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи раиси ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ин бино аз 5 ошёна иборат буда, дорои тамоми шароити муосир мебошад. “Дар дохили бино китобхона, толори варзишӣ, озмоишгоҳ ва синфхонаҳои кимиёву биология муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Коллеҷи тиббӣ дорои […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хоруғ расман ифтитоҳ шуд.

Тавре Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи раиси ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ин бино аз 5 ошёна иборат буда, дорои тамоми шароити муосир мебошад.

“Дар дохили бино китобхона, толори варзишӣ, озмоишгоҳ ва синфхонаҳои кимиёву биология муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Коллеҷи тиббӣ дорои хобгоҳ барои 240 донишҷӯ буда, таҳсили донишҷӯён аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар он имконпазир аст”, – гуфт ӯ.

Ниятбеков афзуд, ки ифтитоҳи бинои мазкур бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ сурат пазируфт.

Зимнан раиси вилоят Ëдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо муваффақият таманно кардааст. Ҳамзамон Шодихон Ҷамшед иброз доштааст, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хоруғ боз чандин биноҳои дигар қомат афрохта, симои онро куллан тағйир хоҳанд дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.