Ба омода кардани фонди манзил ва иншооти коммуналӣ ба зимистон фурсат наёфтанд

Сохторҳои масъули Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои омода кардани фонди манзил ва иншооти хоҷагии коммуналӣ ба кор дар давраи зимистон набаромаданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, то 1-уми декабр таъмири 33 дегхона дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, лекин дар амал 19 дегхона таъмир ё худ 57,6%-и нақша иҷро гардидааст. Ҳамчунин ивази 43,3 км […]

Сохторҳои масъули Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои омода кардани фонди манзил ва иншооти хоҷагии коммуналӣ ба кор дар давраи зимистон набаромаданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, то 1-уми декабр таъмири 33 дегхона дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, лекин дар амал 19 дегхона таъмир ё худ 57,6%-и нақша иҷро гардидааст.

Ҳамчунин ивази 43,3 км шабакаҳои гармидиҳӣ пешбинӣ шуда, ҳамагӣ 33,5 км иваз гардидааст, ки 79,2%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, ивази 10 км қубурҳои садамавӣ ба нақша гирифта шуда, 6,7 км-и онҳо иваз гардидаанд, ки ба 67%-и нақша баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз таъмир баровардани боми 536 манзил муяссар шудааст, ки ҳамагӣ 51,1%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Қафомонии аз ҳама бештар аз нақша дар вилояти Хатлон ба мушоҳида расида, шаҳри Душанбе вазифаҳои дар ин самт гузоштаро нисбатан беҳтар иҷро кардааст.

Дар пойтахт ивази қубурҳои садамавию таъмири дегхонаҳо пурра дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расид. Нақшаи ивази шабакаҳои гармидиҳӣ 95,6% ва таъмири бомҳо ба андозаи 60% иҷро шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.