Спитамен Бонк: барои касоне, ки ба хешовандон аз Русия ба Тоҷикистон пул интиқол медиҳанд

Пур кардани суратҳисоби кортҳои низоми миллии пардохтии "Корти Миллӣ"​​​​​​​-и ҳама бонкҳо ва кортҳои низомҳои байналмилалии UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк, бе ҳаққи хизмат, аз кортҳои низомҳои пардохтии VISA, MasterCard ва МИР (Федератсияи Россия) имконпазир шуд. Акнун барои пур кардани корти хешовандони дар Тоҷикистон буда, барномаҳои мухталифро сабт кардан, номнавис шудан ва ҳатто аз хона баромадан […]

Пур кардани суратҳисоби кортҳои низоми миллии пардохтии "Корти Миллӣ"​​​​​​​-и ҳама бонкҳо ва кортҳои низомҳои байналмилалии UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк, бе ҳаққи хизмат, аз кортҳои низомҳои пардохтии VISA, MasterCard ва МИР (Федератсияи Россия) имконпазир шуд.

Акнун барои пур кардани корти хешовандони дар Тоҷикистон буда, барномаҳои мухталифро сабт кардан, номнавис шудан ва ҳатто аз хона баромадан ҳам лозим намешавад. Барои иҷрои ин амал дорандаи корти VISA, Master Card ё Мир (Федератсияи Русия) будан ва дастрасӣ доштан ба шабакаи Интернет кофист.

Интиқоли пулро аз ҳама кортҳои Русия ба кортҳои Тоҷикистон (P2P) дар бахши "Интиқол ба корт" (Перевод на карты) дар сомонаҳои бонкҳои шарик: БКФ (Бонки Маблағгузории Корпоративӣ) – https://www.cfb.ru/payments/, БКС Банк (Бонки сармоягузорӣ) – https://bcs-bank.com/payments, МС Банк Рус (Митсубиши банк – автоқарздиҳӣ) – https://www.mcbankrus.ru/mitsubishi-motors-finance/payments/ ва Веббанкир (яке аз ТҚХ калон дар ФР) – https://new.webbankir.com/lk/services/pay_online амалӣ кардан мумкин аст.

Ҳаққи хизмат барои интиқол ситонида намешавад. Интиқол бо рубли русӣ ва пас аз мубодилаи минбаъда ба суратҳисоб бо асъори миллӣ (сомонӣ) дар вақти воқеӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи максималии якбора интиқолшаванда 15 000 рубли русиро ташкил дода, нисбат ба шумораи амалиётҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Спитамен Бонк лоиҳаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ ба кортҳои "​​​​​​​Корти Миллӣ"​​​​​​​-ро тавассути терминалҳо ва ҳамёнҳо QIWI, аз марказҳои хизматрасонии Мегафон ва Связной ва инчунин тариқи барномаи Сбербанк Онлайн татбиқ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.