Созишномаи Душанбе ва Кобул оид ба сохтмони роҳи оҳан

Дар Вазорати нақлиёти кишвар рӯзи душанбе, 30-юми декабр Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид. Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ медиҳад, Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Вазорати нақлиёти кишвар рӯзи душанбе, 30-юми декабр Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) Ҷайҳун Панҷи Поён (Тоҷикистон)  Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ медиҳад, Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс имзо гузоштанд.

Дар хусуси таҳияи Созишномаи мазкур ҷонибҳо дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки рӯзҳои 5-6 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба мувофиқа расиданд.

Гуфта мешавад, ки ин Созишнома аҳаммияти стратегӣ дошта, барои татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатти роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, инчунин барои пайвастан ба роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обӣ (Бандар Абос, Чорбаҳор ва Гавадар) замина мегузорад.

“Доираи татбиқи Созишномаи мазкур вобаста ба масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон (Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхонбандар (Афғонистон) бо ҷалби самоягузории хориҷӣ анҷом дода мешавад”, – омадааст дар хабари вазорат.

Зикр мешавад, ки дар ин замина бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба маблағгузорӣ ва таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони роҳи оҳани мазкур вохӯриҳо доир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.