Раиси Суғд ба аёдати духтарчае рафт, ки зери қатора монда буд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Cоли нави мелодӣ аз ҳоли сокини шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода хабар гирифта, ӯ ва аҳли оилаашро бо иди мазкур табрик кард. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо Аниса Насимзода, ки моҳи августи соли равон бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд, […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Cоли нави мелодӣ аз ҳоли сокини шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода хабар гирифта, ӯ ва аҳли оилаашро бо иди мазкур табрик кард.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо Аниса Насимзода, ки моҳи августи соли равон бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд, таъкид кардааст, руҳафтода нашуда, ба омӯзиши илму дониш машғул шавад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят ба Аниса Насимзода як ноутбук ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, изҳор доштааст, ки бигзор дар соли нав тамоми орзуҳои ӯ амалӣ шаванд.

Ёдрас мекунем, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода 28-уми август зери чархи тепловоз монда буд. Рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, пойи чап ва қисмате аз дасташро буриданд.

Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, ки бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола аз роҳи оҳан гузаштанӣ шудааст, аммо пойафзолаш байни релсҳо дармондааст. Ронанда (машинист)-и тепловоз талош кардааст, ки онро фавран боздорад, вале ин барояш саривақт муяссар нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.