Даргузашти охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хуҷанд

Охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз шаҳри Хуҷанд, собиқадори ҷангу меҳнат Рабига Малинина дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, субҳи имрӯз раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст. Рабига Малинина 3-юми январи 1926 дар шаҳри Новосибирск таваллуд шуда, дар синни 16-солагӣ, яъне соли […]

Asia-Plus

Охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз шаҳри Хуҷанд, собиқадори ҷангу меҳнат Рабига Малинина дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, субҳи имрӯз раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Рабига Малинина 3-юми январи 1926 дар шаҳри Новосибирск таваллуд шуда, дар синни 16-солагӣ, яъне соли 1942 бо хоҳиши худ ба майдони ҷанг меравад. Аввал ҳамчун ёрдамчии ронандаи фронти якуми Украина хизматро оғоз карда, сипас ба сифати ҳамшираи шафқат дар табобатгоҳи ҳарбӣ хизмати Ватанро идома мебахшад. Дар солҳои ҷанг хизматҳояш бо ордени ҶБВ дараҷаи дуюм сарфароз гардонида мешавад.

Ӯ баъд аз ҷанг ҳамроҳи шавҳараш ба Хуҷанд меояд. Нахуст ба комбинати абрешими шаҳр ба сифати анборчӣ кор мекунад. Сипас ба яке аз қисмҳои ҳарбӣ ба кор даромада, то нафақа дар он фаъолият мекунад.

Зикр мешавад, ки дар солҳои ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд 12 ҳазор нафар иштирок карда, аз онҳо 1540 нафарашон беному нишон гаштаанд. Аз шаҳри Хуҷанд 2 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 2 нафар дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.