АНОНС
Дар Бишкек доир ба масоили марзӣ вохӯрии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Қирғизистон ду қитъаи наздисарҳадӣ – Ариқ-Аста дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ва Самарқандак дар деҳаи Самарқандакро барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кард. Қаблан аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шуданд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст. Имрӯз ин масъалаҳо баррасӣ мешаванд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Қаламрави наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6952 сомонӣ;
1 евро – 10.7675 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1565 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1960 — Таъсиси қароргоҳ (база)-и Помири Академияи илмҳои Тоҷикистон.
1980 — Се карат Қаҳрамони меҳнати состсиалистӣ Андрей Сахаров аз мукофот ва унвонҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, аз шаҳри Маскав ба шаҳри Горкий (феълан Нижний Новгород) фиристода шуд.
1992 — Рӯзи кормандони гумруки Тоҷикистон.
1992 — Дар Минск роҳбарони кишварҳои узви ИДМ бо дархости Тоҷикистон дар бораи ташкил ва ба ин ҷумҳурӣ фиристодани Нерӯҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ қарор қабул карданд.
1993 — Дар Панҷакент навбати аввали Комбинати истихроҷи тиллои Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
2011 — Дар шаҳри Хуҷанд аз ду амали террористӣ – дар назди биноҳои Раёсати ВКД ва Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд пешгирӣ карда шуд.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Рӯзи 22-юми январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо боришот (дар водиҳо борону барф, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ, кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барф) меборад. Дар НТМ, баъзе ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боришоти бошиддат (борон, барф) ба амал меояд.
Рӯзи 23-юми январ ҳангоми соф шудани ҳаво шабона ва саҳаргоҳон сардшавӣ шиддат гирифта, дар ноҳияҳои водӣ то 3-80 хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-180 хунук, дар ноҳияҳои баландкӯҳ 35-400 хунук (дар мавзеи Булункӯл то -500 хунук) пешгӯйӣ мешавад.
Рӯзҳои 21-25 январ дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) фаромадани туман аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 21-23 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯйӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳӣ-кӯҳӣ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, барф, дар ғарби вилоят бошиддат борида, дар шарқи вилоят барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11° хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 28-33 хунук, рӯзона 14-19° хунук мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо боришот (борон, барф), ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, барф, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 7-9° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


